Пайвандҳои дастрасӣ

СММ: Ҷангиёни ДИИШ 230 фирории Мосулро куштанд


Кӯдаке аз ҷангҳо дар ғарби Мосул фирор мекунад

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, гузориши қобили эътимод гирифтааст, ки аз охири моҳи май ҷангиёни гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" 230 ироқии мулкиро куштанд, ки тайи ду ҳафтаи ахир дар талоши фирор аз шарқи Мосул буданд.

Дафтари ҳуқуқи башари СММ дар изҳороти рӯзи 8 июн гуфт, ки дастикам 204 фарди мулкӣ, бо шумули кӯдакон танҳо дар се рӯзи ҳафтаи гузашта кушта шуданд. Ин ниҳод аз шиддати куштори мардуми мулкӣ, ки дар пасманзари даргириҳои ҷангиёни ДИИШ ва нерӯҳои ҷонибдори ҳукумат, мехостанд аз ноҳияи Ал-Шифаи ғарби Мосул фирор кунанд, хабар медиҳад.

Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин гуфтааст, ки рӯзи 31 май, дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои эътилоф ба минтақаи Занҷилӣ, аз 50 то 80 нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расид.

Амалиёти нерӯҳои давлатии Ироқ ва эътилофи байналалӣ барои озод кардани Мосул аз ДИИШ моҳи октябри соли 2016 оғоз ёфт ва то ҳол қисмати шарқии шаҳр озод шудааст. Ҷангҳо барои озодии қисмати ғарбии шаҳр идома доранд. Аз оғози амалиёти низомӣ дар Мосул беш аз 500 ҳазор нафар аз ин минтақа фирор карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG