Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирпарронӣ дар назди калисои Нотр-Дам де Пари


Акси Нотр-Дам де Пари
Акси Нотр-Дам де Пари

Рӯзи 6 июн дар назди калисои Нотр-Дам де Пари -и Фаронса тирпарронӣ ҷараён гирифт. Як шахси номаълум ходими пулисро бо болға маҷрӯҳ кард. Ҳамлагарро бо зарбаи тир аз пой афтонданд. Гуфта мешавад, ки ӯ маҷрӯҳ шудааст. Пулис ба бошандагони пойтахти Фаронса тавсия дод, ки аз рафтан ба маҳалли ҳодиса худдорӣ кунанд.

Аз соли 2015 дар Фаронса вазъи фавқулодда амал мекунад. Баъди силсилаи ҳамлаҳои террористӣ ки 130 нафарро қурбон кард, чораҳои амниятӣ дар ин кишвар тақвият ёфтанд.

XS
SM
MD
LG