Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДИИШ масъулияти ҳамлаи Лондонро ба зимма гирифт


Гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" масъулияти ҳамлаи 3 июни шаҳри Лондони Бритониёро ба зимма гирифт. Дар ин ҳамла ҳафт нафар кушта ва 48 тани дигар захмӣ шуд. Пулиси Бритониё дар шарқи Лондон 12 гумонбарро дар ҳамдастӣ ба ҳамлаи шаби шанбе ба якшанбе боздошт кард.

Пулис хабар дод, ки ҳар се террористи ҳамлагар "камарбанди марг" дар тан доштанд, аммо камарбандҳо аз маводи тарканда холӣ буданд. Гуфта мешавад, ҳамлагарон мехостанд, ҳарчи бештар ваҳшату сардаргумӣ ба вуҷуд оранд.

Ба иттилои мақомоти Бритониё, ҳашт пулис сӯи ҳамлагарон тир кушоданд. Пулис дар маҷмӯъ 50 тир кушода, ҳар се террористро кушт. Дар ин ҳодиса як роҳгузар маҷруҳ шуд. Шаби 3 июн автобусе анбуҳи одамонро дар болои пули Лондон пахш кард. Баъди он се нафар аз автобус берун шуда бо корд ба одамон ҳамла карданд.

Видеоҳои охирин

Имконияти таҳсили баробар барои ҳама
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:02:36 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG