Пайвандҳои дастрасӣ

Маскав ба Навалний иҷозат надод, ки дар маркази шаҳр эътироз кунад


Раҳбари мухолифини Русия Алексей Навалний пешниҳоди баргузории намоиши эътирозиаш дар дуртар аз маркази шаҳри Маскав рӯзи 12 июнро рад карда мехоҳад, қарори мақомот бозбинӣ шавад. Дар як навори видеоие, ки рӯзи 1 июн дар шабакаи Ютюб нашр шуд, Навалний аз мақомоти Маскав интиқод кард, ки аризаи ташкили намоиши эътирозиро дар хиёбони Тверская ва ҳам маҳаллаи Охотний Ряд, дар наздикиҳои Кремлинро рад кардаанд.

https://www.youtube.com/watch?v=eYRsmBJJhis

Ӯ ин тасмими мақомотро “берӯӣ” унвон кард.

Рӯзи 31 май раиси департаменти амнияти Маскав Владимир Черников гуфт, ки мақомот барои эътирозгарон ду макони дигари ташкили раҳпаймоиҳоро дар канораҳои шаҳр пешниҳод кардаанд. Черников гуфт, ки дар сурати ташкили эътирозҳо ҷашнгирии Рӯзи Русия халалдор мешавад.

Дар изҳороти видеоии худ Навалний гуфт, ки фаъолон дар 209 шаҳри Русия ният доранд, ки рӯзи иди 12 июн ба хиёбонҳо баромада дар намоиши эътирозӣ иштирок кунанд. Навалний, ки мехоҳад мардумро барои эътироз аз фасодзадагии мақомот ба хиёбонҳо барорад, гуфт, дар баъзе нуқоти Русия мақомот иҷозати баргузории намоишҳои мухолифонро дар маконҳои хеле дур аз марказ, масалан дар назди ҷангалзорҳо фароҳам овардаанд.

Навалний гуфтааст, ки мехоҳад дар интихоботи президентии соли 2018 барои курсии президентӣ мубориза барад, вале пешгӯӣ мешавад, ки президенти амалкунанда Владимир Путин ин навбат курсии аввал дар ҳукумати Русияро ҳифз хоҳад кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG