Пайвандҳои дастрасӣ

Эътироз аз Ашраф Ғанӣ. Полис ба ҳаво тир кушод


Гузоришҳои расида аз Кобул ҳокӣ аз он аст, ки нирӯҳои амниятии Афғонистон дар маҳалли баргузории як намоиши эътирозӣ дар маркази Кобул ба ҳаво оташ кушоданд. Рӯзи 2 июн ҳудудан 1000 нафар бо талаби истеъфои президент Ашраф Ғанӣ дар назди маҳалли таркиши пурқурбонии ду рӯз пеш гирди ҳам омаданд. Дар ҳодисаи таркиши мошини бомбгузоришуда рӯзи 31 май ҳадди аққал 90 нафар кушта ва 460 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Хабаргузории Ройтерс гуфт, дар лаҳзаҳое, ки бархе эътирозгарон ба сӯи ҳалқаи полис давида хостанд хати амниятиро убур кунанд, полис ба ҳаво тир кушод. Чанд эътирозгар, ки аксарашон афроди мулкӣ мебошанд, ҷароҳат бардоштанд. Бархе сӯи полис санг андохт. Аз рӯи гузориши дигар, бисёри эътирозгарон ҳатто баъди ин ҳам раҳпаймоӣ ба сӯи қасри президентро идома доданд, ҳарчанд бархе баъди тирандозӣ пароканда шуданд.

Бо гузашти ду рӯз ҳам ҳанӯз маълум нест, ки таркиши ваҳшатноки рӯзи 31 май кори дасти кӣ буд, то ҳол ҳеҷ гурӯҳ ё созмоне масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Ин ҳамларо пурқурбонитарин таркиш баъди саркӯби режими Толибон дар соли 2001-и Афғонистон меноманд. Толибон гуфтанд, ки ба ин ҳамла аслан рабте надоранд. Ройтерс бо такя ба оҷонсии истихбороти Афғонистон гуфтааст, ки ин ҳодиса кори дасти шабакаи Ҳаққонӣ аст, ки ба Толибон марбут мебошад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG