Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чеченистон "Шарли Эбдо"-ро масдуд мекунад


Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров
Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров

Додситонии Чеченистон талаб кард, ки дастрасӣ ба карикатураҳои "Шарли Эбдо" дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар мавзӯи таъқиби ҳамҷинсгароҳо дар Чеченистон масдуд шавад. Додситонӣ гуфтааст, ин наққошиҳо эҳсоси мазҳабии мардумро таҳқир карда ва метавонанд кинаву адоватро барангезанд.

Ба навиштаи вебсайти "Кавказский узел", дархости додситонӣ ба додгоҳи ноҳиявии Ленинскийи Грозний интиқол ёфт, аммо додситонӣ мушаххас накардааст, ки дақиқан кадом манобеи онлайнӣ баста шавад.

Қаблан "Шарли Эбдо" як идда карикатураҳоро ба таъқиби ҳамҷинсгароҳо дар Чеченистон бахшид, ки қаҳрамони яке аз онҳо худи Рамазон Қодиров буд.

Дар бораи таъқиб, боздошт ва қатли ҳамҷинсгароён дар Чченистон бори аввал нашрияи "Новая Газета" моҳи апрели имсол хабар дод. Мақомоти Чеченистон рӯзноманигоронро ба тӯҳмат задан муттаҳам карданд.

Моҳи январи соли 2015 дар пайи як ҳамла ба идораи "Шарли Эбдо" 12 нафар кушта шуд. Ҳамлагарони исломӣ гуфтанд, ки ин қасос барои карикатураҳои пайғамбари ислом Муҳаммад буд.

Исми "Шарли Эбдо", инчунин, дар қазияи куштори Борис Немтсов низ номбар шуд. Дар ҷараёни бозпурсӣ собиқ сарбози баталйони "Север"-и Вазорати умури дохилии Чеченистон Заур Дадаев гуфт, ки сабаби қатли Немтсов пуштибонии ӯ аз карикатураҳои "Шарли Эбдо" буд.

XS
SM
MD
LG