Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бар асари ду таркиш дар Бағдод 27 нафар кушта шуд


Харобазори баъди ҳамлаи интиҳорӣ дар даромадгоҳи Бағдод
Харобазори баъди ҳамлаи интиҳорӣ дар даромадгоҳи Бағдод

Мақомоти амниятӣ ва тиббӣ рӯзи 30-юми май гуфтанд, ки бар асари таркиши ду бомба дар Бағдод дастикам 27 нафар кушта ва беш аз 100 нафар захмӣ шуданд.

Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти инфиҷори аввалро, ки нимашаби гузашта дар дӯкони фурӯши яхмос, воқеъ дар Қаррада, минтақаи маъруфи тиҷоратии Бағдод ба вуқуъ пайваста ва 16 нафарро қурбон кард, бар дӯш гирифтааст.

Мақомот мегӯянд, ки таркиши дигарро мошини ҳомили бомба дар назди пули асосии пойтахт ба бор овард ва 11 нафарро кушта ба ҷо гузошт ва даҳҳо танро захмӣ кард.

Масъулияти ҳамлаи аввалро гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" бар дӯш гирифт ва ҳамлагарро марди ироқӣ муаррифӣ кард, ки бо инфиҷори мошин мусулмонҳои шиаро ҳадаф қарор дод. Масъулияти инфиҷори дувумро то ҳол касе бар дӯш нагирифтааст.

Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" мусалмонҳои шиаро бидъатгузорон арзёбӣ мекунад ва онҳоро ҳадафи ҳамлаҳо қарор медиҳад.

Моҳи июли соли 2016 бар асари таркиши бузург дар Қаррада, дастикам 324 нафар кушта шуд, ки аз замони суқути ҳукумати Саддом Ҳусейн ваҳшатноктарин ҳамла ба шумор меояд.

XS
SM
MD
LG