Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи миллиардер Усмонов алайҳи Навалний дар Маскав оғоз шуд


Алишер Усмонов ва Дмитрий Медведев

Додгоҳи Люблинскии Маскав рӯзи 30-юми май ба баррасии аризаи шикоятии султони сарват Алишер Усмонов алайҳи бунёдгузори созмони мубориза бо фасод Алексей Навлний оғоз кард. Навалний дар як таҳқиқот Усмоновро ба ришвадиҳӣ муттаҳам кард.

Вакилони Навалний аз додгоҳ хостанд, ки раҳбари ҳукумати Русия Дмитрий Медведевро ба сифати шоҳид ба мурофиа даъват шавад. Ба гуфтаи Иван Жданов, вакили Навалний, асоси даъвои додгоҳӣ ҳамон сужаест, ки бар пояи он Алишер Усмонов порчаи заминро ба бунёди "Соцгоспроект" дод, ки ба он Иля Елисеев, ҳамкурси нахуствазир Медведев раҳбарӣ мекунад.

Дар баробари ин, ҷониби Навалний иштироки Игор Шувалов, ноиби нахуствазири Русия дар мурофиаро зарур мешуморад, зеро Усмонов дар яке аз муроҷиатҳои видеоияш аз ӯ ёдовар шудааст.

Додгустар аз ин ду дархост сарфи назар кард ва адвокати Навалний аз додгоҳ хост, ки санадаҳои расмии додугирифти байни Усмонов ва "Соцгоспроект" дастрас кунад. Навалний мегӯяд, ки ба фарқ аз Алишер Усмонов ӯ тақдими порчаи замин ба ҳамкурси нахуствазирро ришвадиҳӣ медонад.

Додгоҳ, инчунин, ҳамчунин даъвати Иля Елисеев раҳбари бунёди "Соцгоспроект" ба мурофиаро низ рад кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG