Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилфуза президенти Узбакистонро "султон" эълон кард


Дилфуза Исмоилова
Дилфуза Исмоилова

Ҳунарманди синамо ва овозхони 49-солаи Узбакистон Дилфуза Исмоилова таронаи "Бигзор, султони ин сарзамини зебову солим бошад"-ро ба президент Шавкат Мирзиёев бахшид.

Матни суруд ба шоир Тоҳир Муҳаммад ва оҳанги он ба оҳангсоз Рустам Тулашов тааллуқ дорад. Исмоилова мегӯяд, ин тарона моҳи декабри соли 2016, баъди интихоби Шакат Мирзиёев ба мақоми раёсати ҷумҳур "бо амри дил" суруда шуд.

Узви Иттиҳоди оҳангсозони Ӯзбекистон мусиқишинос Равшанбек Матҷонов мегӯяд, ки дар давраи президентии Ислом Каримов, таҳияи сурудҳои ситоишӣ ташвиқ намешуданд ва ҳатто бархе овозхонҳо барои ин гуна таронаҳояшон ҷазо мегирифтанд.

"Сурудҳои ситоишӣ ба эфири телевизионҳои асосӣ ва чорабиниҳои расмии консертӣ роҳ намеёфтанд. Мурод Муҳаммад Дӯст, сухангӯи президенти нахустини Узбакистон ва мушовири давлатӣ Хайриддин Султонов сурудани чунин таронаҳоро манъ карда буданд. Албатта, баъзе сарояндаҳо мехонданд, вале онҳоро ба саҳнаи бузург роҳ намедоданд", изҳор дошт Матҷонов.

XS
SM
MD
LG