Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи Толибон 13 сарбози афғон кушта шуд


Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки дар як рӯёрӯӣ бо ҷангиёни Толибон дар вилояти ҷанубии Қандаҳор 13 сарбоз кушта ва 8 нафар маҷрӯҳ шуданд. Сухангӯи вазорати дифоъ Давлат Вазирӣ рӯзи 25 май гуфт, ки шабонгоҳ Толибон ба чанд посгоҳи амниятӣ ҳамла карданд ва дар пай миёни онҳоро нирӯҳои давлатӣ муқовимати мусаллаҳона шурӯъ шуд.

Ин рӯёрӯи чанд соат идома карда баъдан Толибон ақибнишинӣ карданд. Мақомоти афғон гуфтанд, ки аз миёни ҳамлагарон 8 нафар кушта шудааст. Моҳи апрел бо фарорасии баҳор Толибон ҳам дар Афғонистон ба ҳамлаҳои густурда шурӯъ мекунанд.

Дар як ҳамлаи рӯзи 22 май ҷангиёни Толибон як пойгоҳи низомиро дар Қандаҳор ҳадаф қарор доданд ва дар натиҷа, 10 сарбози афғон кушта шуд. Мақомот гуфтанд, ки дар ин ҳамлаи шабонгоҳӣ 12 ҳамлагар ҳам кушта шуд.

XS
SM
MD
LG