Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони биноҳои куҳна шаҳрдори Остонаро ба додгоҳ кашиданд


Як гуруҳ аз сокинони шаҳри Остона зидди шаҳрдори худ ба додгоҳ шикоят бурда, талаб доранд, ки қарор дар бораи кӯчонидани онҳо аз маркази шаҳр бекор шавад. Ин 12 сокини пойтахти Қазоқистон ахиран дар назди бинои шаҳрдорӣ ҷамъ омаданд, то даъватномаи додгоҳро ба мақомоти шаҳр супоранд.

Бар пояи қарори шаҳрдори Остона, сокинони мазкур бояд аз бинои куҳнаи дуошёнае кӯчонида шаванд, ки соли 1960 дар маркази пойтахти Қазоқистон, назди чорроҳаи Кенесари ва Янушкевич бунёд шудааст. Кӯча ва маҷмааи истиқоматие, ки сокинони биноҳои харобу садамавӣ ба он интиқол дода мешаванд, ҳанӯз номгузорӣ нашудаанд.

Ба гуфтаи Алена Кодак, ба онҳо бар ивази манзили сеҳуҷрагияшон дар биноҳои нав хонаи дуҳуҷрагӣ пешниҳод шудааст. "Ҳангоми ҷудо кардани хонаҳо вазъи оилавӣ, аз ҷумла дар оила мавҷуд будани фарзандони ҷинси мухолиф ва маъюб ба назар гирифта нашудааст", - афзуд ӯ.

Сокини дигари Остона Наталя Навитская мегӯяд, маҳаллае, ки ба он кӯчонида мешаванд, барояшон писанд нест. Ба гуфтаи ӯ, дар ин минтақа кӯли фозилоби Талдикол ҷойгир аст, ки баъзан бӯйи бади он тамоми шаҳрро фаро мегирад. "Ҳатто соли гузашта президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз он интиқод карда буд", - афзуд ӯ.

Дар Идораи фонди манзили Остона гуфтанд, ки ба ин сокинон бо назардошти масоҳати манзилҳои зисташон хонаҳои нав пешниҳод шудааст. "Ҳеч гуна поймолшавии ҳуқуқи шаҳрвандон сурат нагирифтааст. Шаҳрдорӣ танҳо мехоҳад, шароити зиндагии сокинонеро беҳтар кунад, ки дар биноҳои куҳнаву садамавӣ ба сар мебаранд", - изҳор дошт намояндаи идораи мазкур Саулегул Жаксибоева.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG