Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико маҳви ҷангҷӯёни хориҷии ДИИШ-ро ҳадаф қарор дод


Ҷеймс Маттис

Пентагон тамаркузи худро барои мубориза бо гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дигар кардааст. Ҷеймс Маттис – вазири дифои Амрико – рӯзи 19-уми май гуфт, ҳоло маҳви ҷангҷӯёни хориҷии ДИИШ ҳадафи асосист, то онҳо натавонанд ба хонаҳои худ баргарданд. Пентагон бовар дорад, ки ин иқдом боиси кам шудани ҳамлаҳои террористӣ, ба мисли ҳодисаҳои Порису Брюссел ва кишварҳои дигар хоҳад шуд. Дар ин пайи ин ҳамлаҳо садҳо нафар ҷон бохтанд. "Ҳадаф ин аст, ки роҳи бозгашти ҷангҷӯёни хориҷӣ гирифта шавад", - гуфтааст Маттис. Вай афзудааст, "ҷангҷӯёни хориҷӣ таҳдиди асосӣ ҳастанд. Агар ба хонаҳояшон чӣ дар Тунису Малайзия ва чӣ Порис ё ҳар ҷойи дигар баргарданд." Маттис дар ин суҳбаташ ба хабарнигорон гуфтааст, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, тавсияи Пентагонро дар мавриди “тағйири тактикӣ барои берун овардани ДИИШ аз ҷойи амн ва муҳосира кардани душман дар мавзеи онҳо” қабул намудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG