Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КДАМ парвандаи Текебоевро ба Додситонии кул фиристод


Шиорҳои тазоҳургарони Бишкек ба ҷонибдорӣ аз Текебоев
Шиорҳои тазоҳургарони Бишкек ба ҷонибдорӣ аз Текебоев

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) парвандаи раҳбари ҷиноҳи порлумонии "Ота Макон" Омурбек Текебоевро, ки дар фасодкорӣ айбдор мешавад, ба Додситонии кулли ин кишвар фиристод.

Сухангӯи КДАМ Қирғизистон гуфт, ҳоло додситонӣ бояд парвандаро баррасӣ кунад ва баъдан ба додгоҳ фиристад.

Чинара Жакипбекова, вакили дифои Текебоев гуфт, зерҳимояи ӯ тавонистааст танҳо бо ду ҷилди парвандааш шинос шавад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, парвандаи мазкур аз 7 ҷилд иборат аст. "Текебоев имзо нагузошт, ки бо ҳамаи парванда шинос шудааст. Бар пояи қонунгузорӣ мо бояд ҳамаи маводи парвандаро омӯзем", - афзуд ӯ.

Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки баррасии парвандаи раҳбари "Ота Макон" кай ва дар кадом додгоҳ оғоз хоҳад шуд. Вакили порлумони Қирғизистон аз ҷиноҳи "Ота Макон" Алмамбет Шикмаматов 12 май гуфт, парвандаи Текебоев пушти дарҳои баста баррасӣ мешавад.

Текебоев 26 феврали соли равон дар асоси даъвои соҳибкори рус Леонид Маевский боздошт шуд. Маевский мегӯяд, соли 2010 барои мусоидат ба хариди саҳмияҳои ширкати "Мегаком" ба ӯ 1 миллион доллар додааст. Ҳизби "Ота Макон" баъди он ки Текебоевро ҳабс карданд, номзадии ӯро ба мақоми президентӣ дар интихоботи Қирғизистон пешниҳод кард.

XS
SM
MD
LG