Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Microsoft масъулияти вируси WannaCrypt-ро бар дӯши Оҷонсии амният гузошт


Ҷузъиёти барномаи рамзсоз, ки дар вируси WannaCrypt истифода шудааст, аз компютерҳои барномавии Оҷонсии миллии амният ба даст омадааст. Дар ин бора мудири ширкати Microsoft Брэд Смит хабар медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, гирдоварии иттилоъ аз сӯи мақомот дар бораи осебпазирӣ - ин мушкили ҷиддӣ аст.

Рӯзи ҷумъаи гузашта дар 150 кишвар вируси WannaCrypt сайр кард, ки барои кушодани компютер маблағ мепурсид.

Дар Русия компютерҳои вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи тафтишотӣ, ширкатҳои мобилӣ ва ширкати Роҳи оҳани Русия ба ин вирус мубтало шуданд. Дар Бритониё аз ин вирус беморхонаҳои давлатӣ ва дигар муассисаҳои тиббӣ зиён диданд. Дар Қазоқистон 12 май ба серверҳои ширкати истихроҷи нафту гази Қашаган ҳамлаи киберӣ сурат гирифт.

Баъди ҳамлаи мазкур мақомоти Бритониё тасмим гирифтанд, ки барои амнияти киберӣ 64 миллион доллари дигар ҷудо кунанд. Дар Кохи сафеди Амрико ин масъала ду бор баррасӣ шуд.

XS
SM
MD
LG