Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзноманигори қазоқ пас аз ҳамлаи рӯзи гузашта ба худ омад


Рӯзноманигори қазоқ Рамазон Есенгерепов

Фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомии матбуот Рамазон Есергепов, ки дирӯз дар пайи як ҳамла дар дохили қатор захмӣ шуда буд, аз шуъбаи эҳёгарӣ ба утоқи дигар интиқол меёбад.

Дар шуъбаи беҳдошти вилояти Ҷамбул гуфтанд, ки Есергепов ба ҳуш омада, вазъи саломатии ӯ мӯътадил аст. Интизор меравад, имрӯз ӯро аз шуъбаи эҳёгарӣ ба утоқи маъумлӣ гузаронанд. Вазорати умури дохилии Қазоқистон ҳамла ба Есергеповро шарҳ надодаст.

Раҳбари бунёди "Журналистон дар мусибат"-и Қазоқистон Рамазон Есергепов субҳи 14 май ҳангоми сафар аз Алмаато ба Остона мавриди ҳамлаи афроди ношиносе қарор гирифт, ки ба шиками ӯ корд задаанд. Дар истгоҳи Чу ӯро аз қатор фароварда, ба беморхонаи маҳаллӣ интиқол доданд.

Ба гуфтаи ҳамкоронаш, Есергепов мехост, ба пойтахти Қазоқистон рафта, бо сафирони як қатор кишварҳои Аврупо ва коршиносони байналмилалӣ дар робита ба парвандаи рӯзноманигори зиндонӣ Ҷонболат Мамай ва шикоят аз болои ҳукми худ суҳбат кунад, ки Кумитаи ҳуқуқи башари СММ онро эътироф кардааст ва додгоҳҳои Қазоқистон рад мекунанд.

Рамазон Есергепови 61-сола талош дорад, то ғайриқонунӣ будани айбномаеро, ки додгоҳ соли 2009 зидди ӯ эълон кард, исбот кунад. Он замон ӯ сармуҳаррири нашрияи мустақили "Алмаато Инфо" буд ва дар пайи як баҳси додгоҳӣ се сол зиндонӣ шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG