Пайвандҳои дастрасӣ

Дар тирандозӣ дар Кашмир ду нафар ҳалок шудаанд


Ҳинду Покистон се дафъа барои вилояти Кашмир ҷангидаанд.

Дар натиҷаи тирандозии нерӯҳои амниятии Ҳинду Покистон дар хати назорат дар байни вилояти Кашмир ду ғайринизомӣ кушта шуданд. Ду тараф якдигарро дар оғози тирандозии рӯзи 13-уми май муттаҳам карданд.

Ба гуфтаи мақомоти вилояти Кашмири таҳти контроли Ҳинд, ду нафар кушта ва ду се тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, дар минтақаи даргирӣ, 1500 ғайринизомии дигар дар хонаҳояшон банд мондаанд.

Ҳинду Покистон бар сари минтақаи Кашмир аз соли 1947 аз замони истиқлол ба даст овардани Покистон даъво доранд ва то кунун се маротиба барои ин вилоят ҷангидаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG