Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларза дар Лахш 6 хонаву 1 мактабро вайрон кард


Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфтанд, ки бар асоси ҳисобҳои аввалия дар пайи заминларза дар ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ) ду хона пурра, чор хона ва як мактаб қисман зиён дидааст.

Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, рӯзи 11-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои пурра муайян кардани зарар таҳқиқ идома дорад. Ӯ гуфт, “рӯзи 5 май як комиссияи давлатӣ рафта буд. Барои беҳтар фаҳмидан боз супориш шуд, ки комиссия хона ба хона гашта, ҳатто деворҳои кафидаро сабт кунанд ва хулосаи худро нависанд. Яъне, ин деворҳо то куҷо хатарноканд ва хонаҳо садамавӣ шудаанд. Рӯзҳои наздик бояд зарар пурра муайян карда шавад.”

Сабти заминларза дар Лахш. Акс аз сомонаи Маркази зилзилашиносии Амрико
Сабти заминларза дар Лахш. Акс аз сомонаи Маркази зилзилашиносии Амрико

Заминларзаи рӯзҳои 3 ва 5-уми май бештар дар деҳаи Дувонаи ноҳияи Лахш зиён расондааст. Сокинони зарардида мегӯянд, ҳанӯз ҳам шабро дар берун рӯз мекунанд ва кӯмаке аз ҷониби мақомот дарёфт накардаанд.

Сабур Каримов, як сокини деҳаи Дувона дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз 300 хонаводаи ин деҳа дар девори хонаи бисёриҳо тарқиш пайдо шудаааст, ки барои зист хатарнок аст. Ҳамчунин дар яке аз мактабҳои ин деҳа таҳсили хонандагон номумкин шудааст.

"Ду мактаб дорем, ки яктоаш дар заминларза вайрон шуд. Гуфтанд, ки хонандагон бояд ба мактаби дигар раванд, вале дар он ҷо ҷой намерасад. Ҳоламон чандон хуб нест ва ҳеҷ кӯмак ба мо намерасонанд", - гуфт ӯ.

Маркази зилзилашиносии Амрико мегӯяд, шиддати заминларза дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки тақрибан аз 3 то 6-уми май дар соатҳои мухталиф мушоҳида шудааст, аз рӯи ҷадвали 12-баллии Рихтер – аз 4 то 5,9 дараҷаро ташкил додааст. Сокинони ду ҷамоати ноҳияи Лахш аз ин заминларза зиён дидаанд.

XS
SM
MD
LG