Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ронандаи "Хова" дар Ваҳдат 148 гӯсфандро пахш кард


Як ронандаи автомашинаи тамғаи "Хова" рамаи гӯсфандонро дар шоҳроҳи Ёвон ба тарафи шаҳри Ваҳдат пахш намудааст, ки дар натиҷа даҳҳо сар гӯсфанд талаф ёфтааст. Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодиса нимашаби 9-уми май дар километри 27-уми ҳудуди деҳаи Бӯстони шаҳри Ваҳдат рух додааст. Бар пояи ин хабар, ронандаи 23-сола Олимов Наҷмиддин бехатарии ҳаракатро риоя накарда ва рамаи гӯсфандонро, ки ба сокини 58-солаи шаҳри Ваҳдат Розиқов Ҷумъахон тааллуқ доштааст, пахш менамояд. Бар асари ин ҳодиса, 94 сар гӯсфанд ҷароҳат бардошта ва 54 сари дигар талаф ёфтааст. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир таҳқиқи ин ҳодиса ҷараён дорад.

XS
SM
MD
LG