Пайвандҳои дастрасӣ

Макрон интихоботи Фаронсаро ба осонӣ бурд. ВИДЕО


Эммануэл Макрон ва Марин Ли Пен

Эммануэл Макрон, номзади марказгаро ва тарафдори Иттиҳодияи Аврупо дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Фаронса рақиби миллатгарояш Марин Ли Пенро ба осонӣ шикаст дод ва раиси ҷумҳур интихоб шуд.

Бар асоси се назарсанҷии пас аз интихобот оқои Макрон эҳтимолан 65 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст, ки ин як хабари хуш барои тамоми Иттиҳодияи Аврупо аст.

Дар ҳоле ки номзади марказгаро Эмануэл Макрон аз Иттиҳодияи Аврупо пуштибонӣ мекунад, рақиби миллатгарои ифротии вай Марин Ли Пен тарафдори хориҷ шудан аз иттиҳодия аст ва мавзеъгирии сахтгирона дар баробари муҳоҷирон дорад. Раъйдиҳӣ дар Фаронса соати 6 субҳ ба вақти маҳаллӣ оғоз шуд ва дар бисёре аз манотиқ то соати 5 идома кард.

Эмануэл Макрон бо ҳамсараш Бриҷит Макрон дар шаҳри Ли Тике дар шимоли Фаронса ва хонум Ли Пен дар шаҳри Ҳенин Бемонт, як шаҳри хурди зери назорати ҳизбаш раъй дод. То нимарӯзии 7-уми май 28.23 дар сади мардум дар интихобот ширкат кардаанд, ки дар муқоиса ба интихоботи соли 2012 камтар будааст.

Эмануэл Макрон ва хонум Ли Пен дар даври аввали интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 23-уми апрел аз номзадҳои аҳзоби умдаи сиёсии Фаронса раъйи бештар ба даст оварданд ва ба даври дуввум роҳ ёфтанд. Муборизаи сиёсӣ бо ҳамлаҳои лафзии тунд байни ду тараф сурат гирифт. Марин Ли Пени 48-сола рақиби 39-солаашро, намояндаи элитаи Фаронса номид ва гуфт, ки ӯ дар баробари тундгароии исломӣ ва дигар хатарҳо барои Фаронса мавзеъгирии нарм дорад.

Мунозираҳои золимонаи сиёсӣ

Мартин Мишел, муовини раиси EUROPEUM, як муассисаи таҳқиқоти умури Аврупо ба Радиои Озодӣ гуфт, стратегияи Ли Пен ин буд, ки “Ба Макрон осеб расонад ва ӯро номзади тарафдори глобализм муаррифӣ кунад, ки сиёсатҳояш барои Фаронса хатарноканд.”

Назарсанҷиҳо дар остонаи интихобот нишон додаанд, ки бонкдори собиқ аз ҳимояти 62 дар сади мардум бархурдор аст ва танҳо 38 дар сад хоҳони раиси ҷумҳур будани Ли Пен будаанд.

Мартин Мишел мегӯяд, назарсанҷиҳо далели он аст, ки рақиби Макрон натавонист, бо андешаҳояш мардумро ба тарафи худ ҷалб кунад. Макрон ҳафтаи гузашта дар баҳси телевизионии ҳассос Ли Пенро “коҳини барангезандаи тарс” дар ҷомеа номид.

Рӯзномаи Лу Монд ин баҳсро “золимона” ва “аз аввал то ба охир хушунатомез” номид. Баъди онки хонум Ли Пенро ба эҳсосотӣ будан дар мунозираи сиёсӣ муттаҳам карданд, ӯ ба радиои RTL гуфт, ки суханонаш “баёнгари хашму ғазабест, ки дар Фаронса хоҳад таркид ва на чизи дигар.” Макрон гуфт, ки хонум Ли Пен аз тарафи ҳеҷ касе намояндагӣ намекунад ва фақат хашму нафратро истифода мебарад.

Хонум Ли Пен дар яке аз шаҳрҳои хурди тарафдоронаш раъй дод.
Хонум Ли Пен дар яке аз шаҳрҳои хурди тарафдоронаш раъй дод.

Хонум Ли Пен, раиси Ҳизби Ҷабҳаи Миллист, ки падараш таъсис додааст ва тарафдори он аст, ки Фаронса аз ҳавзаи евро хориҷ шавад ба франки худаш, пули миллии Фаронса баргардад. Ба гуфтаи ӯ. “евро пули бонкдорон аст, на пули мардумӣ.”

Аммо Эмануэл Макрон, сиёсати Ли Пен дар баробари евроро “ёваи бузурге дар барномаи Марин Липен” номидааст. Ин ду номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Фаронса дар масоили сиёсати хориҷӣ низ бо ҳам ихтилофоти амиқи назар доранд.

Бо кӣ беҳтар?

Мартин Мишел мегӯяд, “Ли Пен хоҳони ҳамкории наздиктар бо Русия дар роҳи мубориза бо терроризм дар Ховари Миёна аст ва роҳро барои музокироти сиёсӣ бо Эрон боз мекунад, ки чунин равиш бо аҳдофи Амрико дар таззод аст ва имкон дорад, сабаби бархӯрд бо Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико шавад.”

Ба гуфтаи ӯ, хонум Ли Пен мехоҳад, Фаронса аз фармондеҳии паймони НАТО берун шавад ва ба амалиётҳои низомиаш дар Африқо хотима бидиҳад. Вале Эмануэл Макрон, сиёсатҳои раиси ҷумҳури кунунӣ Франсуа Олландро идома хоҳад дод, ки тӯли ду сол дар ҳукумати ӯ ба ҳайси вазири иқтисод кор кардааст.

Эмануэл Макрон, ки дар даври аввали интихобот аз рақибаш аз 21 то 24 дар сад пешсаф буд ва Ҳизби Он Марш ё “Ба пеш”-ро раҳбарӣ мекунад, Русияро ба он муттаҳам кардааст, ки бо рахнаи шабакаҳои иттилоотии Фаронса хостааст, дар интихобот дахоолат кунад. Ҳизби ӯ ба расонаҳои Русия ба мисли RT ва Спутник иҷоза надод, ки интихоботро инъикос кунанд, зеро ба гуфтаи ҳизб ин расонаҳо ба пахши хабарҳои бофта машғуланд. Русия ин иддаоҳоро рад кардааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG