Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даври дуввуми интихоботи Фаронса оғоз мешавад


Рақибони даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Фаронса
Рақибони даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Фаронса

Дар Фаронса имрӯз даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешавад, ки на танҳо барои ин кишвар, балки барои тамоми Иттиҳодияи Аврупо сарнавиштсоз аст.

Дар интихобот Эмануэл Макрон, номзади марказгаро ва тарафдори Иттиҳодияи Аврупо ва Марин Ли Пен, номзади миллатгаро ва тарафдори хуруҷ аз иттиҳодия рақобат мекунанд. Марин Ли Пен, ки хоҳони хуруҷ аз ҳавзаи евро ҳам ҳаст, рақиби 39-солаашро ба он муттаҳам кардааст, ки фақат аз элитаи Фаронса намояндагӣ мекунад ва дар муқобили тундгароии исломӣ ва дигар хатарҳо барои Фаронса мавзеъгирии нарм дорад.

Аз даври аввали интихобот дар рӯзи 23-уми апрел назарсанҷиҳо нишон додаанд, ки Эмануэл Макрон нисбат ба Марин Ли Пен тарафдорони зиёдтар дорад. Бар асоси ин назарсанҷиҳо 62 дар сад тарафдори раиси ҷумҳур шудани Макрон ва 38 дар сад тарафдори Марин Ли Пен будаанд. Эмануэл Макрон, ки собиқаи кор дар бонкҳоро дорад, рақибашро “коҳинаи барангезандаи тарс” дар ҷомеа номидааст.

XS
SM
MD
LG