Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса: Макрон дар маъруфият аз Ле Пен пеш гузашт


Номзадҳои интихоботи Фаронса Эммануэл Макрон ва Марин Ле Пен
Номзадҳои интихоботи Фаронса Эммануэл Макрон ва Марин Ле Пен

Эммануэл Макрон, сиёсатмадори аврупогарои Фаронса ва Марин Ле Пен номзади тундгаро бори охир дар остонаи интихоботи 7 май бо ҳам рӯ ба рӯ шуданд. Матбуоти Фаронса аз ҳамлаҳои лафзӣ ва танқидҳои ҳарду номзад менависанд.

Бинобар назарсанҷии бунгоҳи Elabe, 63 дар сади фаронсавиҳо далелҳои Макронро қобили эътимод шумурда, 34 дар сад ба Ле Пен тарҷеҳ доданд.

Мунозираи номзадҳо таввасути бузургтарин шабакаҳои телевизионии Фаронса - TF1 ва France 24 шоми сешанбеи 3 май пахш шуд. Ба гуфтаи TF1 набарди лафзӣ хеле доғ ва барноми номзадҳо дар масъалаҳои усулӣ, ба мисли рушди Иттиҳоди Аврупо, муҳоҷират ва муносибат бо Русия мухолифи якдигар буд.

XS
SM
MD
LG