Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ҳакерӣ ба ситоди Макрон пеш аз даври дувуми интихобот


Эммануэл Макрон
Эммануэл Макрон

Дар пайи интишори шумори зиёде аз имейлҳои ситоди Эммануэл Макрон, номзади пештози интихоботи президентии Фаронса, Комисисияи интихоботи ин кишвар дар бораи бознашри ин имейлҳо ба расонаҳо ҳушдор додааст. Бинобар баёнияи Комиссияи интихоботи Фаронса, бознашри ин аснод "нақзи қонуни интихобот" хоҳад буд. Рӯзи 5 май ҳудуди 9 гигабайт имейлу санадҳои марбут ба Эммануэл Макрон ва ҳомиёнаш аз сӯи корбаре ношинос дар вебсайти умумӣ нашр шуд. Ситоди интихоботии Макрон бо маҳкум кардани интишори ин иттилоот гуфт, чанд ҳафта пеш ҳадафи ҳамлаи ҳакерӣ қарор гирифта буд. Даври дувум ё ниҳоии интихоботи президентии Фаронса, қарор аст, рӯзи якшанбеи 7 май байни номзади марказгаро Эммануэл Макрон ва раҳбари ростгаро Марин Ле Пен баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG