Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи низомии Покистон чаҳор ҷангҷӯро эъдом кард


Акс аз бойгонӣ

Ҳукми чаҳор ҷангҷӯ, ки додгоҳи низомии Покистон онҳоро ба қатл маҳкум карда буд, субҳи 3 май иҷро шуд. Ба гуфтаи намояндагони артиш, ин ҷангҷӯён узви Толибони Покистон буданд ва гуноҳи худро дар заминаи ҳамла ба мардуми мулкӣ ва низомиён эътироф карданд.

Баъд аз ҳуҷуми Толибон ба як мактаб дар моҳи декабри соли 2014, ки 150 нафар, асосан кӯдаконро кушта ба ҷо гузошт, Покистон ҳукми эъдомро дубора барқарор кард ва барои мурофиаи ҷангҷӯёни гумонбар додгоҳи низомӣ таъсис дод.

Ба гуфтаи гурӯҳи ҳуқуқи башари "Тарҳи Адлияи Покистон", аз он замон 441 нафар эъдом шуда, 32 ҳукмро додгоҳи низомӣ содир кардааст. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ба додгоҳҳои пушти дарҳои баста дар Покистон мухолифат доранд.

Покистон беш аз даҳ сол аст, ки бо чандин гурӯҳи мусаллаҳ мубориза мебарад. Дар ин муддат ҳазорҳо нафар кушта шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG