Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон "Гургҳои шабгард"-ро ба қаламраваш роҳ намедиҳад


Вазири умури дохилии Гурҷистон Георгий Мгебришвили
Вазири умури дохилии Гурҷистон Георгий Мгебришвили

Георгий Мгебришвили, вазири умури дохилии Гурҷистон, рӯзи 3 май гуфт, ки дучархасаворҳои Русия, махсусан "Гургҳои шабгард", дар рӯзҳои таҷлили солгарди Ғалаба ба Гурҷистон намеоянд. Марзбонҳои гурҷӣ онҳоро бидуни шарҳ бозпас мегардонанд.

Дар посух ба танқиди президенти собиқи Гурҷистон Михаил Саакашвили ва аҳзоби мухолифини Гурҷистон дар заминаи худдории ҳукумат барои чораҷӯӣ алайҳи "Гургҳои шабгард", Мгебрашвили гуфт, марзбонҳо аз вуруди дучархасаворон ба кишвар ҷилавгирӣ мекунанд.

Аз рӯзи сешанбе хабаргузориҳои Гурҷистон аз ҳодисаҳо дар "Верхний Ларс", гузаргоҳи марзии Гурҷистону Русия, гузориш медиҳанд. Марзбонҳои гурҷӣ дучархасаворҳои русро ба қаламрави кишвар роҳ надоданд. Бисёре аз онҳо ба Владикавказ баргаштанд.

Дучархасаворҳои гурҷӣ гуфтанд, ки аз ҳама гуна амалҳои ҳамтоҳои рус дар "Боғи Ғалаба" бо истифода аз "рибонҳои Георгий", ки ҳамчун намоди ишғоли қаламрави Гурҷистон аз тарафи Русия маънидод мешавад, ҷилавгирӣ мекунанд.

Аммо собиқ раиси порлумони Гурҷистон Нино Бурҷанадзе ин амали кишварашро танқид кард ва гуфт, "рибонҳои Георгий" намоди пирӯзии русҳо ва ҳам гурҷиҳо бар фашизм аст. Ба гуфтаи Бурҷанадзе, "дучархасаворҳои рус барои кори хайри дӯстона ба Гурҷистон меомаданд, на душманӣ."

XS
SM
MD
LG