Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистон шиносномаи биометриро ройгон кард


Шиносномаҳои биометрии Қирғизистон

Сарвазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков рӯзи 28 апрел хабар дод, ки шаҳрвандони ин кишвар метавонанд, аз 1 май то 31 декабри соли 2017 шиносномаҳои биометриро ройгон дарёфт кунанд. "Муҳлати таҳияи шиносномаҳои нав ду баробар кам карда шуда, 14 рӯзро аз санаи пешниҳоди аризаро ташкил медиҳад", - афзуд Жээнбеков.

Шиносномаҳои нави Қирғизистон маълумот дар бораи вазъи оилавӣ, маҳалли зист, шаҳрвандӣ, ҷинс, зодгоҳ, акси рангаи соҳиби шиноснома, нақши ангушт ва иттилои дигар дар бораи ҳуввияти шаҳрвандро, ки ниҳодҳои дахлдор ба он ниёз доранд, дар бар хоҳад гирифт.

Санади нав дар маҷмуъ 19 намуди маълумотро фаро мегирад, ки дар сурати таъғир ёфтани яке аз онҳо шиноснома бояд комилан иваз шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG