Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба метрои Петербургро ҷангиёни марбут ба Ал-Қоида анҷом доданд


Метрои Санкт-Петербург баъди таркиш - 3 апрели соли 2017.
Метрои Санкт-Петербург баъди таркиш - 3 апрели соли 2017.

Гуруҳи тундрави "Баталони имом Шамил"-и марбут ба "ал-Қоида" масъулияти ҳамлаи террористи дар метрои шаҳри Санкт-Петербургро бар дӯш гирифт. Дар ин бора Гуруҳи таҳқиқи амалҳои террористӣ (SITE Intelligence Group), мақараш дар аёлати Мэриленди ИМА иттилоъ дод.

Ин шохаи "ал-Қоида" ҳамчунин таҳдид кардааст, ки амалҳои террористии нав анҷом хоҳад дод. 3 апрел дар қатори метрои Петербург ҳамлаи террористӣ сурат гирифт, ки 14 кушта ва наздики 50 захмӣ бар ҷой гузошт. Ин таркиш тақрибан соатҳои 3-и рӯз ба вақти маҳаллӣ дар миёни истгоҳҳои "Технологический институт" ва "Сенная плошад" рух дод.

Муфаттишон иддао доранд, ки ҳамларо зодаи 22-солаи Қирғизистон ва шаҳрванди Русия Акбарҷон Ҷалилов анҷом дод. Ба гуфтаи мақомоти Русия, терактро Аброр Азимов созмон додааст. Худи Азимов, ки феълан дар боздоштгоҳ аст, ин айбро рад мекунад.

Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) 17 апрел хабар дод, ки Аброр Азимовро бо гумони созмон додани ҳамлаи мазкур дастгир кард. Дар доираи ин парванда ҳамчунин бародари Азимов низ боздошт шуд. Раиси ФСБ Александр Бортников гуфт, шахсияти фармоишгари амали террористиро муайян кардаанд ва ҷузъиёти онро ниҳоди зери раҳбарияш шарҳ хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG