Пайвандҳои дастрасӣ

Ярч дар деҳаи Порвори Шӯрообод 5 хонаро комилан вайрон кард


Бар асари резиши ярч дар деҳаи Порвори ҷамоати Ёли ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ) 5 хона комилан вайрон шуда ва ҳудуди 20 хонаи дигар қисман осеб дидаанд.

Мадқосим Рашидов, раиси деҳаи Порвор, рӯзи 21 апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки шаби гузашта дар пайи боридани жола, ярч фаромад ва хонаҳои сокинонро вайрон кард. Ба гуфтаи ин масъули маҳаллӣ, дар ҳоли ҳозир мақомоти ноҳия аз ин ҳодиса хабардор карда шудаанд.

Бархе аз сокинон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар пайи ин ҳодиса чорвои онҳо талаф шудааст. Ба қавли ҳамсуҳбатони мо, бар асари фаромадани ярч роҳҳои деҳа ба тарафи маркази ноҳия низ валангор шуда ва имкони ҳаракат дар ин масир номумкин мебошад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG