Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Reuters муаллифони тарҳи дахолати Русия ба интихоботи Амрикоро ошкор кард


Мулоқоти Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бо Михаил Фрадков (аз чап) ва Сергей Чемезев дар бустонсарои Ново-Огорево. Ноябри соли 2016.
Мулоқоти Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бо Михаил Фрадков (аз чап) ва Сергей Чемезев дар бустонсарои Ново-Огорево. Ноябри соли 2016.

Барномаи дахолат ба умури интихоботи соли гузаштаи Иёлоти Муттаҳидаро Пажуҳишгоҳи мутолеоти стратегии Русия тарҳрезӣ карда буд. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 19 апрел бо такя ба се ходими амалкунанда ва чаҳор мансабдори собиқи Иёлоти Муттаҳида хабар пахш кард.

Ҳамсӯҳбатони хабаргузорӣ аз ду санади маҳрамонае ном бурданд, ки онҳоро Пажуҳишгоҳи мутолеоти стратегии Русия таҳия карда буд. Ин санадҳоро мақомоти истихбороти Амрико дастрас карданд.

Яке аз инҳо санади стратегие буд, ки соли 2016 таҳия шуда, дар ҳалқаи баландтарин мақомдорҳои ҳукумати Русия чарх мезад. Дар ин санад ба Кремлин тавсия мешуд, бо роҳандозии таблиғоти интернетӣ ва матбуотӣ райъдиҳандагони ИМА-ро барои пуштибонӣ аз номзаде ташвиқ кунанд, ки дар муқоиса бо Барак Обама нисбат ба Русия мавқеи нармтар дорад.

Санади дигар, ки моҳи октябр таҳия шудааст, аз пирӯзии эҳтимолии Ҳиллари Клинтон, номзади Ҳизби демократ дар интихобот ҳушдор медод. Дар ин санад омадааст, ки Русия бояд таблиғоташро ба фоидаи Доналд Трамп қатъ кунад, тавоноии президентии Клинтонро ба чолиш бикашад ва низоми овоздиҳии Амрикоро аз роҳи коштани тухми нобоварӣ аз байн барад.

Маълум нест, ки истихбороти Амрико ин санадҳоро чигуна дастрас кардааст.

Сухангӯи Кремлин ва раҳбари Пажуҳишгоҳи мутолеоти стратегии Русия низ ба дархости Reuters барои сӯҳбат посух надоданд. Айни замон хадамоти махсуси Амрико дахолати эҳтимолии Русияро ба умури интихоботи соли 2016 таҳқиқ мекунанд.

XS
SM
MD
LG