Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони рӯзи интихоботи ғайринавбатӣ дар Бритониё


Нахуствазири Бритониё Тереза Мэй
Нахуствазири Бритониё Тереза Мэй

Порлумони Бритониё рӯзи чаҳоршанбе санаи интихоботи ғайринавбатиро эълон кард. Интихоботи пеш аз мӯҳлат рӯзи 9 июн баргузор мешавад. Ба ҷонибдории ин қарор аксари намояндагони порлумон раъй доданд.

Тереза Мэй, сарвазири Бритониё, ки рӯзи гузашта масъалаи интихоботи ғайринавбатиро матраҳ кард, гуфт, ҳукумати Бритониё дар мавриди хориҷ шудан аз Иттиҳоди Аврупо назари ягона надорад. Тереза Мэй, раҳбари муҳофизакорони Бритониё умедвор аст, ки натиҷаи интихобот мавқеи ӯро мустаҳкам мекунад.

Рӯзи 19 апрел нахуствазир имкони баргузории назарсанҷии такрорӣ дар бораи Брекзитро соқит кард ва гуфт, ки ҳукумат бояд ба қавли худ содиқ бимонад. Овоздиҳии интернетӣ бо дархости баргузории назархоҳии такрорӣ то ҳол миллионҳо имзо ҷамъ кардааст.

Тобистони соли 2016 бритониёиҳо бурунрафт аз Иттиҳоди Аврупоро ҷонибдорӣ карданд. Ин кишвар соли 1973 ба Иттиҳод пайваста буд ва аввалин кишваре хоҳад шуд, ки Иттиҳодро тарк мекунад.

XS
SM
MD
LG