Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акбар Насимзода сардори БДА-и Тоҷикистон таъин шуд


Акбар Насимзода сардори нави Раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (ГАИ)-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъин шудааст. Вай қаблан ба ҳайси муовини сардори ҳамин ниҳод кор мекард. Маҳмадсаид Саидзода, раҳбари пешини БДА, рӯзи 31 марти имсол аз мақомаш озод ва муовини вазири умури дохилӣ таъин гардид. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 19 апрел раҳбарони Идораҳои умури дохилӣ дар шаҳрҳои Сарбанду Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Ашт, Балҷувон ва Ховалинг, Шаҳринав, Сангвор, Тоҷикобод ва Роштқалъа низ иваз карда шуданд. Ба иттилои манбаъ, президент Эмомалӣ Раҳмон бо афроди тозатаъин мулоқот карда, “ба масъалаи мубориза алайҳи ифротгароӣ, пешгирии ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қонуншиканиҳои дигар”, таъкид кардааст.

XS
SM
MD
LG