Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи фавқулода дар Туркия барои се моҳи дигар дароз шуд


Нуъмон Қуртулмуш – муовини нахуствазири Туркия – эълон кард, ки аз 19 апрел дар ин кишвар вазъи фавқулода ба муддати се моҳ тамдид меёбад. Ӯ гуфт, “шӯрои амнияти миллӣ ба ҳукумат машварат дод, ки дар зери масъулияташ вазъи фавқулодаро идома диҳад. Машварати Шӯро дар ҷаласаи ҳукумат баҳс шуд. Матни тамдиди вазъи фавқулода барои се моҳро, ки аз 19 апрел шурӯъ мешавад, ҳукумат ба имзо расонда, ба порлумони Туркия пешниҳод кард.”

Вазъи фавқулода дар моҳи июли соли 2016 баъд аз табаддулоти нокоми давлатӣ ҷорӣ шуда, сипас, дар моҳи октябр бори аввал тамдид ёфта буд. Ин вазъ ба ҳукумат имкон медиҳад, бар пояи зарурат озодӣ ва ҳуқуқи мардумро маҳдуд ва ё мутаваққиф кунад.

Рӯзи 16 апрели имсол дар референдум 51,5 дар сади раъйдиҳандагони Туркия ба тағйири Қонуни асосӣ ризоят дода, президенти ин кишвар Раҷаб Таййиб Эрдуғонро аз салоҳиятҳои бештар баҳраманд карданд. Мухолифин шумориши дубораи овозҳоро тақозо карда, исрор доранд, ки дар раъйдиҳӣ тақаллуб ҷой дошт.

Шоми 17 апрел садҳо нафар ба кӯчаҳои Истанбул ва дигар шаҳрҳои Туркия баромада, натиҷаҳои референдумро маҳкум карданд. Дар маҳаллаи Бешиктоши Истанбул эътирозгарон исрор меварзиданд, ки мубориза поён наёфтааст. Яке аз эътирозгарон бо номи Мурод гуфт, “ба фикрам, дар раъйдиҳӣ хилофкориву тақаллуби зиёд ҷой дошт. Мо хабари бисёр шунидем. Ман аз раъйи худ дифоъ мекунам. Мо натиҷаи “ҲА”-ро дастгирӣ намекунем, зеро натиҷаи овоздиҳӣ “НЕ” мебошад.”

Ба қавли коршиносон референдум ҷудоӣ миёни табақаи миёнаҳоле, ки ояндаи худро дар Аврупо мебинад ва кишоварзони кмбизоати деҳотро, ки пойгоҳи президент Эрдуғон мебошад, ошкор кард.

XS
SM
MD
LG