Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбарони ҳамла ба синамои "Қирғизистон" маҳбуси сиёсӣ эълон шуданд


Мурофиаи 15 гумонбари терроризм дар додгоҳи низомии Мсакав.
Мурофиаи 15 гумонбари терроризм дар додгоҳи низомии Мсакав.

Созмони ҳуқуқи башари "Мемориал" 15 марди мусалмон, асосан шаҳрвандони Қафқози Шимолиро, ки бо иттиҳоми қасди ҳамла ба кинотеатри "Қирғистон" дар Маскав зиндонӣ шудаанд, маҳбуси сиёсӣ эълон кард.

Моҳи ноябри соли 2013 идораҳои ҳифзи қонун ва тартиботи Русия 15 нафарро дар яке аз хонаҳои Маскав боздошт карданд. Дар макони боздошти ин афрод дастгоҳи маводи тарканда ва лавозимоти ҷангӣ ошкор шуд. Дар вазорати дохилии Русия гуфтанд, ки боздоштшудаҳо узви созмони террористии "Ат-Такфир вал-Ҳиҷра" мебошанд. Моҳи апрели соли 2016 додгоҳ 15 нафарро аз 11 то 13 сол зиндонӣ кард.

Дар изҳороти "Мемориал" омадааст, ки иттиҳоми ин 15 нафар дар заминаи узвияти "Ат-Такфир вал-Ҳиҷра" беасос аст, зеро ин иттиҳом дар додгоҳ матраҳ нашуд. Ин созмон ҳамчунин мегӯяд, дастгоҳи маводи тарканда ва лавозимоти ҷангиро ба манзили инҳо партофтанд, зеро дар наворҳои опретивӣ, ки "Мемориал" дарёфт кардааст муҳандисон мегӯянд, ки ин мавод аз қудрати таркиши хатарнок бархурдор набуд.

"Мемориал" мегӯяд, ки исботи ҷурми ҳамла ба кинотеатри "Қирғизистон" низ дар додгоҳ садо надод. Ҳомиёни ҳуқуқи инсон талаб доранд, ки ҳукми додгоҳ дар нисбати ин 15 нафар бекор ва парвандаи ҷиноӣ алайҳи таҳиягарони иттиҳоми тақаллубӣ боз шавад.

XS
SM
MD
LG