Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушовири амнияти миллии Трамп вориди Покистон шуд


Мушовири амнияти миллии президенти ИМА Ҳерберт Реймонд Макмастер
Мушовири амнияти миллии президенти ИМА Ҳерберт Реймонд Макмастер

Ҳерберт Реймонд Макмастер, мушовири амнияти миллии президент Трамп, баъди як рӯзи гуфтугӯ бо раҳбарияти Афғонистон дар Кобул, рӯзи 17 апрел вориди Покистон шуд.

Сафари Макмастер ба Исломобод, нахустин сафари як мақоми баландпояи маъмурияти Трамп баъди интихоби ӯ ба курсии президентӣ аст.

Интизор меравад, ки Макмастер масъалаи низои Афғонистон ва гумонҳо дар бораи кӯмаки Исломобод ба ҷангиёни афғонро бо мақомоти низомӣ ва мулкии ин кишвар матраҳ кунад.

Дар ҷараёни сафар ба Кобул ин мақоми амниятии ИМА аз Покистон даъват кард, ки "дар тамдиди ҷанги хеле тӯлонӣ" дар Афғонистон аз Толибон пуштибонӣ накунад.

Исломобод иттиҳоми кумак ба ҷангиёни афғонро рад мекунад ва дар посух Афғонистонро ба ин гунаҳкор мекунад, ки ба ҷангиён иҷоза медиҳад то ба хоки Покистон ворид шаванд ва дар инҷо ҳамлаҳо анҷом диҳанд.

Ҳамчун аломати шадид шудани мавқеи Вашингтон дар баробари Покистон, Макмастер Лиза Куртис, пажуҳишгари "Heritage Foundation"-ро ба кор гирифт, ки доираи фаъолияташ Осиёи Ҷанубӣ аст.

Моҳи феврали соли равон Куртис ҳаммуаллифи мақолае буд, ки таваҷҷуҳи Вашингтонро ба сиёсатҳои Покистон, барои давомдор будани терроризм дар минтақа ҷалб мекард.

XS
SM
MD
LG