Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон се зан ва як кӯдакро дар Сари Пул тирборон карданд


Вилояти Сари Пули Афғонистон. Акс аз бойгонӣ.
Вилояти Сари Пули Афғонистон. Акс аз бойгонӣ.

Толибон се зан ва як кӯдакро дар вулусволии Сайёди вилояти Сари Пули Афғонистон тирборон кардаанд. Забеҳулло Амонӣ, сухангӯи волии Сари Пул ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Толибон ин чаҳор нафарро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҳукумат, ба қатл расонидаанд. Ҳарчанд Толибон дар робита ба ин қазия чизе нагуфтаанд, аммо бо нашри як хабарнома иддао кардаанд, ки се фарди ғайринизомӣ бар асари тирандозӣ дар минтақаи Пистамазори вулусволии Сайёд кушта шуданд. Аммо мақомоти маҳаллӣ дар Сари Пул ин иддаои Толибонро радд кардаанд.

XS
SM
MD
LG