Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиллерсон: Муносибати Амрикову Русия дар поинтарин нуқта аст


Рекс Тиллерсон
Рекс Тиллерсон

Президенти Русия Владимир Путин бо котиби давлатии Амрико Рекс Тиллерсон, дар пешорӯи шиддат гирифтани ташаннуҷ миёни ду кишвар барои ҳимояти Маскав аз режими Башор Асад, дар Кремл мулоқот кард.

Сафари Тиллерсон ба Русия баъди истифодаи силоҳи кимиёӣ аз тарафи ҳукумати Асад дар Идлиб ва зарбаҳои мушакии ИМА ба Сурия, ки Маскавро ба ғазаб оварданд, сурат гирифт.

Тиллерсон баъди мулоқот бо Путин, ҳамон тавре ки дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои русаш Сергей Лавров баён дошт, муносибатҳои ИМА ва Русия дар "пойинтарин нуқта" қарор доранд. Ӯ афзуд, ки равобити ду қудрати ҳастаӣ набояд дар ин сатҳ бошад.

Котиби давлатии ИМА изҳор дошт, ки то барқарории сулҳ дар шарқи Украина муколамаи Вашингтону Маскав мушкил хоҳад буд. Вале ҳамзамон қайд кард, ки роҳҳои гуфтугӯву тамос ҳамеша бозанд.

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфтугӯ бо ҳамтои амрикоияшро "муҳим" ва "комилан ошкоро" номида ва гуфт, ҳамкориҳои Маскаву Вашингтон ба нафъи тамоми ҷаҳон хоҳад буд.

Лавров кишварҳои Ғарбро ба он айбдор кард, ки талош доранд, то муколамаи ИМА ва Русияро ба ҳам бизананд.

XS
SM
MD
LG