Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи хабари бомбгузорӣ дар мактаби Қирғизистон


Дар шаҳри Қаракӯли Қирғизистон хабари бомбгузорӣ дар мактаб санҷида мешавад. Дар ин бора хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад.

Пулис бинои гимназияи №11-ро дар муҳосира гирифтааст. Дар ҷои ҳодиса кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва пулиси маҳаллӣ кор мебаранд.

Бино бар иттилои пешакӣ, фарроши мактаб як ашёҳи машкук пайдо карда, дар ин бора ба омӯзгорон хабар додааст. Омӯзгорон дар навбати худ, мақомотро ба ҷои ҳодиса даъват карданд.

Дарс дар мактаб қатъ шуда, хонандагонро аз бино берун оварданд.

XS
SM
MD
LG