Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон дар як рӯз 13 ходими ҳифзи қонун кушта шуд


Октябри соли 2016, баъди як ҳамлаи интиҳорӣ дар Балх
Октябри соли 2016, баъди як ҳамлаи интиҳорӣ дар Балх

Дар Афғонистон, дар натиҷаи чанд ҳамлаи ҷудогона дасти кам 13 ходими ҳифзи қонун кушта шуданд. Дар ин бора рӯзи 9 апрел мақомоти Афғонистон хабар доданд. Мунир Аҳмад Фарҳод, як сухангӯи волии Балх дар шимоли Афғонистон гуфт, ки шоми 8 апрел дар натиҷаи бархӯрд ба бомбаи сарироҳӣ дар амалиёти зидди Толибон 9 низомӣ кушта ва чанд тан захмӣ гардиданд. Дар ин ҳодиса инчунин 5 шӯришӣ кушта даҳҳо нафарашон маҷрӯҳ шуданд. Дар ҳодисаи ҷудогонаи дигар ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба қароргоҳи раҳбари вулусволии Дарзоб дар вилояти Ҷузҷон ҳамла карда чор низомӣ, аз ҷумла як фармондеҳи онҳоро куштанд. Бо расидани баҳор фаъолиятҳои тахрибкоронаи Толибон ва дигар гурӯҳҳои шӯришӣ авҷ мегирад.

XS
SM
MD
LG