Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти президентони ИМА ва Чин: рӯзи дуюм


Акс аз ҷараёни рӯзи аввали мулоқот, ки 6 апрел дар як осоишгоҳи Флорида баргузор шуд
Акс аз ҷараёни рӯзи аввали мулоқот, ки 6 апрел дар як осоишгоҳи Флорида баргузор шуд

Рӯзи 7 апрел дар Амрико раҳбарони ИМА ва Чин - Доналд Трамп ва Сӣ Ҷин Пин музокироти худро идома медиҳанд. Президенти Чин барои ширкат дар нахустин музокироти расмии дуҷониба ба осоишгоҳи Мара Лагои Флорида даъват шудааст. Рӯзи аввали музокирот дар лаҳзаҳое шурӯъ шуд, ки Вашингтон дар бораи як ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи низомии Сурия хабар дод. Вашингтон, ки ҳукумати Башор Асадро дар анҷоми ҳамлаи кимиёӣ муттаҳам кардааст, гуфт, дар посух ба ин амали Димишқ як пойгоҳи ҳавоии Сурияро ҳадаф қарор додааст. Чин дар Шӯрои амнияти СММ як кишвари узви дорои ҳақи вето аст ва ҳамеша гуфтааст, ки мушкили Сурия танҳо аз роҳи сиёсӣ бояд ҳалли худро пайдо кунад.

Дар ҷараёни музокироти Доналд Трамп ва Сӣ Ҷин Пин чанд масъалаи муҳим, аз ҷумла вазъ дар нимҷазираи Корея, ҳамкориҳои тиҷоратии ИМА ва Чин ва ҳам ихтилофҳо сари қаламравҳои баҳри Ҷанубии Чин баррасӣ мешавад. Дар ҷараёни маъракаи интихоботиаш Доналд Трамп Чинро дар тиҷорати ноодилона айбдор карда таҳдид намуд, ки андоз аз моли чиниро афзоиш хоҳад дод. Вай инчунин Чинро дар муомилаҳо бо пулӣ айбдор кардааст.

Хабаргузории давлатии Синҳуа рӯзи 7 апрел гуфт, ки Трамп даъвати сафар ба Чинро, ки аз забони Ҷин Пин садо додааст, пазируфт.

Яке аз мавзӯъҳои фавқулодда муҳим барои Трамп дар ин музокирот қазияи Кореяи Шимолӣ мебошад. Президенти ИМА, ки ҳамроҳаш ба Флорида сафар кардаанд, гуфт, ки фикр мекунад ба хотири кам кардани такаббури ҳастаии Кореяи Шимолӣ, ки моҳҳои охир мавриди нигаронӣ шудааст, Чин барои анҷоми амалҳои бештаре розӣ мешавад.

Трамп гуфт, ки агар Чин ба Кореяи Шимолӣ бештар фишор наорад, Вашингтон батанҳоӣ амал хоҳад кард. Бо ин вуҷуд, Кохи Сафед ишора кардааст, ки аз ин диду боздидҳо кадом таҳаввулоти ҷиддиро набояд интизор шуд ва ин мулоқот бештар хусусияти шиносоии ду раҳбарро дорад. Ҳафтаи гузашта дар Твиттераш Трамп пешгӯӣ карда буд, ки музокироти ӯ бо раҳбари Чин “мушкил” хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG