Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Клинтон ба ҷилавгирии дахолати Русия


Номзади собиқи президентии Амрико Ҳиллари Клинтон гуфт, ки аз мудохилаи Русия ба ҷараёни интихоботи соли гузаштаи кишвараш амиқан нигарон аст ва ба хотири роҳ надодан ба такрори чунин ҳодисаҳо ба таҳқиқи мустақили ин ҳодисаҳо даъват кард.

Зимни суханронӣ дар шаҳри Ню-Йорк рӯзи 6 апрел дар як ҳамоиши занон собиқ номзади демократҳо дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ гуфт, ки мудохилаи Русия ба интихобот вва рахнашавии имейлҳои ҳизби демократу пахши он дар матбуот “беэътимодӣ ва ҳолати ногуворе” эҷод кард.

Клинтон гуфт, ки дахолати рӯйдода “амали таҷовузгарона аз ҷониби як қудрати хориҷӣ ва зери назари шахсе буд, ки мехоҳад дар Аврупо тасаллут дошта бошад”. Ишораи ӯ ба президенти Русия Владимир Путин буд. Клинтон гуфт, ки Конгресс бояд ихтилофҳои ҳизбиро канор гузошта як комиссиюни мустақилу бетарафе созмон диҳад ва ин ҳама қазияҳоро таҳқиқ кунад, то аз дахолати дубораи Русия ҷилавгирӣ шавад. “Вагарна, онҳо бармегарданд”, гуфт Клинтон.

XS
SM
MD
LG