Мақомоти пулис мегӯянд, муттавалии як зиёратгоҳ ва ҳамроҳонаш дар Покистон 20 нафарро азобу шиканҷа дода куштаанд. Муҳаммад Билол, як афсари баландрутбаи пулис дар вилояти Панҷоб гуфт, муттавалии зиёратгоҳе дар шаҳри Сарғода ва чаҳор нафари дигар, шаби 1-уми апрел афродеро, ки ба зиёрат омадаанд, беҳуш карда ва бо калтаку корд куштаанд.
Вазъи чаҳор нафари дигар, аз ҷумла се зан фавқуллода бад будааст. Лаёқат Алӣ Чатта, як мақоми ҳукумати Сарғода гуфт, ки Абдул Воҳид мутаввалӣ ва чаҳор шарикашро дастгир кардаанд ва зоҳиран ҳамаи онҳо “бемории сахти равонӣ” доранд.
Бино ба гузоришҳо, Абдул Воҳид ба гуноҳаш иқрор шудааст. Се зоири дигари маҷрӯҳ аз дасти ин афрод фирор кардаанд ва якеашон маъмурони пулисро аз ҳодиса огаҳ кардааст.