Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия гуфт, ҳузури низомиаш дар Сурияро ҳифз хоҳад кард


Мақомоти Туркия гуфтанд, ки ин кишвар ҳузури низомиаш дар Сурияро бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз ҳамагуна “ташкилоти номатлуб” ва ҳифзи субот дар минтақа нигоҳ хоҳад дошт. Ин мавзӯъ рӯзи 31 март пас аз он иброз шуд, ки Туркия эълон кард, ба амалиёти низомии маъруф бо номи “Сипари Фурот” дар шимоли Сурия ва дар наздикии сарҳади Туркия поён медиҳад. Туркия гуфт, ки бахше аз ин амалиёт бар зидди тундравони мусаллаҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва “террористҳо” дар минтақа муваффақона будааст. Аммо артиши Туркия роҳандозии амалиёти нави низомӣ таҳти як номи дигарро дар дохили Сурия рад накард. Амалиёти “Сипари Фурот”-и Туркия моҳи августи соли гузашта роҳандозӣ шуда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG