Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири диофи ИМА: Эрон ҳамоно сармоягузори терроризм аст


Маттис (аз чоп) ва Фаллон
Маттис (аз чоп) ва Фаллон

Вазири дифои ИМА Ҷейм Маттис гуфт, ки Эрон ҳамоно кишвари “содиркунандаи терроризм” ва сармоягузори ҷангиён мебошад. Зимни суханронӣ дар нишасти хабарие дар ҳузури ҳамкори бритониёиаш Майкл Фаллон дар Лондон рӯзи 31 март Маттис гуфт, ки аз соли 2012, замоне, ки таҳдиди аслии ИМА “Эрон, Эрон ва боз ҳам Эрон буд”, рафтори Эрон тағйир наёфтааст. “Замоне, ки ман дар бораи Эрон гап мезадам, - гуфт Маттис, - фармондеҳи ситоди марказии ИМА будам ва он замон Эрон содиркунандаи аслии терроризм буд. Ҳақиқатро гӯем, сармоягузори аслии терроризм буд ва ҳамин рафторашро имрӯзҳо ҳам идома медиҳад”.

Маттис инчунин гуфт, ки рафтори Кореяи Шимолӣ «хеле беандешона» аст ва бояд пешаш гирифта шавад. Ин ҳарфҳо ишора ба барномаи ҳастаии Пхенян буд, ки ба қавли ғарб, моҳҳои охир хеле суръат бахшида шудааст.

Маттис инро “хатари афзоянда” номид.

XS
SM
MD
LG