Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Тиллерсон ба хароҷоти бештари дифоии НАТО


Рекс Тиллерсон (аз чап) бо дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг
Рекс Тиллерсон (аз чап) бо дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг

Котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон аз ҳампаймонҳои НАТО тақозо кард, ки хароҷоти бахши дифоии кишварҳояшонро афзоиш диҳанд ва ё дар фурсати ду моҳи наздик барномаи худ оид ба расидан ба ҳадафҳои пур кардани буҷаи НАТО-ро пешниҳод кунанд. Тиллерсон дар ҷаласаи вазирони хориҷаи НАТО дар Брюссел гуфт, ки дар муқоиса бо кишварҳои дигари узв, Вашингтон бахши хеле азими хароҷоти дифоии НАТО-ро ба дӯш дорад.

Раҳбарони НАТО соли 2014 ваъда дода буданд, ки дар давоми даҳ соли баъдӣ ду дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии худро ба ин ҳадафҳо равона мекунанд. Ҳоло Тиллерсон мегӯяд, ки дар сурати мушкил будани расидан ба ин ҳадафҳо роҳҳои дигар бояд баррасӣ шавад. Вай инчунин гуфт, ки ИМА шариконаш дар НАТО-ро мутақоид мекунад, ки тавони дифои худ, аз ҷумла аз таҷовузи Русияро хоҳад дошт. Зимнан, ба қавли вазири хориҷаи Амрико, мавзӯи Русия яке аз масоили мавриди баррасии НАТО мебошад:

“Мусалламан, мо дар бораи мавқеи НАТО дар Аврупои Шарқӣ дар посух ба таҷовузи Украина ва ҳар макони дигар аз ҷониби Русия сӯҳбат хоҳем кард”.

Рекс Тиллерсон барои нахустин бор дар мақоми котиби давлатии ИМА дар ҷаласаи НАТО ширкат мекунад

XS
SM
MD
LG