Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ӯзбакистон мураббиёни бедипломро аз кор меронанд


Дар тамоми боғчаҳои Ӯзбакистон сар аз ибтидои моҳи март санҷиш оғоз шуда, кормандоне, ки маълумоти махсуси омӯзгорӣ надоранд, барканор мешаванд. Бино ба баъзе хабарҳо, минбаъд дар боғчаҳо танҳо афроде ба кор қабул мешаванд, ки маълумоти олии омӯзгорӣ доранд.

Санҷиши густарда дар муассисаҳои томактабии Ӯзбакистон баъди ошкор шудани озору азияти кӯдакон ва ташкили шабонаи фоҳишахона дар 23 боғчаи вилояти Сурхандарё оғоз шуд. Ба гуфтаи як масъули Вазорати маорифи Ӯзбекистон, ҳангоми санҷиш асосан ба истеъдоду маҳорати мураббиён аҳамият дода мешавад.

"Мо ба фарҳанги муошират, шеваи муносибату таълими онҳо ба кӯдакон диққат медиҳем. Ҳамчунин ба ғизои кӯдакон ва тарзи либоспӯшии мураббиён дар ҷои кор аҳамият дода мешавад", - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи як мураббии 36-сола, ӯро танҳо барои надоштани маълумоти олии омӯзгорӣ аз кор озод кардаанд. "14 сол аст, ки ба ҳайси мураббӣ кор мекунам. Маро аз кор озод карда, гуфтанд, ки маълумоти кофӣ надорам. Ҳатто ба таҷрибаи кориям ҳам аҳамият надоданд", - афзуд ӯ.

Ёдрас мешавем, ахиран дар Интернет наворе нашр шуд, ки нишон медиҳад, дар яке аз боғчаҳои вилояти Сурхандарё кӯдакон рӯзона озору азият шуда, шабона муассисаи томактабӣ ҳамчун фоҳишахона истифода мешавад.

Дар пайи нашри ин видео дар 290 боғчаи вилояти Сурхандарё санҷиши густарда оғоз ва дар 23-тои онҳо ҳолатҳои ташкили фоҳишахона ошкор шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG