Пайвандҳои дастрасӣ

Зилзилаи 4-дараҷаӣ шарқи Тоҷикистонро ларзонд


Суби 29-уми март зилзила шарқи Тоҷикистонро такон дод. Бино ба иттилои Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон, ин зилзила соати 4-у 51 дақиқаи вақти маҳаллӣ, рух додааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, маркази зилзила дар 280 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 15 километр дуртар аз шаҳри Хоруғ -- маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон воқеъ буда, шиддати зилзила дар маркази он 4 дараҷаи Рихтер ва дар шаҳри Хоруғ 3 дараҷаро ташкил додааст. Дар манотиқи дигари Тоҷикистон зилзила эҳсос нашудааст. Ин ҳодисаи табиӣ талафоти ҷонӣ ва хисороти молиро ба дунбол надоштааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG