Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо аз Тоҷикистон ба куштори мунаққиди Маскав


Денис Вороненков бо ҳамсараш Мария Максакова

Дар пасманзари қатли Денис Вороненков, вакили пешини порлумони Русия ва яке аз мунаққидони Кремлин дар маркази шаҳри Киев, таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, ин ҳодиса бе шубҳа дар равобити бе ин ҳам мушкили Русияву Украина паёмадҳои дарозмуддати ҷиддӣ хоҳад дошт. Вакили собиқи порлумони Украина рӯзи 23 март дар маркази шаҳри Киев аз тири ҳамлагари ношинос кушта шуд ва президенти Украина масъулияти ин ҳодисаро ба дӯши Маскав вогузор кард. Маскав ҳам дар вокуниши сареъ ин иттиҳомотро бепояву асос хонд.

Ин гуна фактҳо чанд бор собит шудаанд. Аз ҷумла, заҳролуд кардани афсари мустаъфии КГБ дар Бритониё (манзур Александр Литвиненкво).

Куштори сиёсатмадоре, ки баъди шаш соли узвият дар Думаи давлатӣ дар Украина паноҳ бурд ва мунаққиди шадиди Кремлин шуд, ба андешаи нозирони ин ҳама таҳаввулот дар Тоҷикистон, аз сӯе ба як иғвову амали таҳрикомез шабоҳат дорад. Ҳукумати Украина се соли охир дар қаламравҳои шарқиаш бо ҷудоиталабони рӯ ба Маскав даргир аст ва дар ин муддат 9900 нафар кушта шудаанд. Ҳоло бархе тарафдорони Вороненков мегӯянд, ки интиқоди шадиди ӯ аз сиёсати Маскав дар қиболи Киев ва ҳам ишғоли нимҷазираи Қрим дар соли 2014 боис ба таъқиби ӯ шуд.

“Ин посухе аст ба таҳрими бонкҳои Русия”

Назири Нусрат
Назири Нусрат

Ба андешаи Назири Нусрат, сардабири нашрияи “Имрӯз Нюс”, қатлҳои мармузи мухолифин, аз ҷумла куштори Денис Вороненков метавонад як нақшаи тарҳрезишуда бошад. Вай афзуд, ҳарчанд маълум нест, марги Вороненков ба манфиати кӣ буд ва ин корро кӣ анҷом дод, мусалламан, он дар равобити ду кишвар паёмадҳои дарозмуддати ҷиддӣ хоҳад дошт. “Ҳатто метавонад асосе барои аз ҷониби Кремл ҷорӣ кардани таҳрим алайҳи Украина шавад. Дар пайи онки ахиран Украина чанд бонки русиро таҳрим кард, бояд Русия низ баҳонае пайдо кунад барои таҳрими сиёсатмадорон ва ҳукуматдорони Киев. Русия метавонад, ин ҳодисаро ҳамчун абзори фишор ба ин кишвар истифода барад”, - гуфт Назири Нусрат.

Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев

Дар ҳоле ки тафтиши қазияи куштори Вороненков шурӯъ шуда, ҳанӯз ҳеҷ нафар ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда нагирифтааст, ба қавли бархе аз коршиносон, чунин шеваи куштор корест, ки аз дасти сохторҳои махсус меояд. Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик, рӯзи 24 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хадамоти ҷосусии Русия қудрати анҷом додани чунин амалиёт дар дилхоҳ кишвари собиқ Шӯравиро дорад.

Ба қавли ӯ, “ин гуна фактҳо чанд бор собит шудаанд. Аз ҷумла, заҳролуд кардани афсари мустаъфии КГБ дар Бритониё (манзур Александр Литвиненкво)”.

Матбуоти ҷаҳон ва ба вижа Русияву Украина ҳар лаҳза тафсилот ва вокунишҳои мухталиф ба куштори Вороненковро нашр мекунанд, фарзияҳои эҳтимолии куштори сиёсатмадори замоне содиқ ба Кремлинро фош мекунанд ва бархе ин ҳодисаро – як ҳушдор ба онҳое меноманд, ки бо сиёсати Кремлин мухолифат мекунанд. Вале ба андешаи гурӯҳи дигари нозирон, ин ҳама фарзияҳо беасос аст. Масъуд Собиров, раҳбари пешини ҳизби демократи Тоҷикистон, мутмаин аст, ки куштори Вороненков наметавонад ба муносибатҳои Маскав ва Киев таъсири манфӣ расонад, чун ин ҳодиса ба қавли Собиров “ҷузъӣ аст”.

Масъуд Собиров
Масъуд Собиров

Бархе аз мухолифон дар ҳарду кишвар бо ишора ба ин ҳодиса даъват мекунанд, ки Маскаву Киев ихтилофҳоро канор гузошта, самимона сари мизи гуфтугӯ нишинад ва дигар аз иттиҳоми ҳамдигар даст кашанд. Зафар Абдуллоев низ мегӯяд, тағйирот ва ё нармиш дар равобити миёни Маскаву Киев метавонад, танҳо бо ёрии Аврупову Ғарб сурат гирад. Зафар Абдуллоев гуфт, “ҳамагуна ҳодисаҳое, ки ба муносибати ду ҷониб дахл дорад ё на, ҳатман тобиши сиёсӣ пайдо мекунад. Беҳтар шудани муносибатҳои Украина ва Русия бештар аз он таъсир дорад, ки дар садри ҳукуматҳо дар Аврупову Амрико кӣ меистанд. Дар шароити имрӯз Украина бо мушкилоташ танҳо мондааст ва акнун чӣ гуна ҳал кардани онро ёд мегирад.”

“Куштори Вороненков сиёсӣ аст”

Таҳлилгарони тоҷики ҳамсӯҳбати мо бовар доранд, куштори Денис Вороненков “сиёсӣ” буда, ба обрӯи ҳарду кишвар ҳам латма мезанад. Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик, мегӯяд, “муҳити сармоягузории онҳоро халалдор мекунад. Созмонҳои байналхалқӣ дар доираи салоҳияташон тадбирҳое меандешанд ва шартҳое мегузоранд ки ба манфиати давлатҳо нест. Бояд кишвар ва созмонҳои дигар ҳамчун миёнарав дар танзими қазия мусоидат кунанд.”

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Ихтилофҳои миёни Маскав ва Киев дар пайи барканории Виктор Янукович аз раёсати ҷумҳури Украина сар зад ва 3 сол аст, ки идома дорад. Русия моҳи марти соли 2014 Қримро ба қаламрави худ ворид кард ва қабл аз он нирӯҳояшро барои ташкил ва назорати баргузории раъйпурсии ҷудоихоҳонаи нимҷазира ба ин қаламрав фиристод. Ин амали Русияро Ғарбу Аврупо маҳкум ва алайҳи он таҳрим ҷорӣ карданд. Инчунин, Киев Русияро дар дастгирӣ аз ҷудоихоҳони Донетск ва Луҳанск муттаҳам мекунад.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG