Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Киев узви собиқи Дума ва мунаққиди Кремлин кушта шуд. ВИДЕО


Собиқ вакили парлумони Русия, ки ба Украина фирор карда Русияро бо Олмони нозӣ муқоиса карда буд, дар шаҳри Киев аз тириф туфанге кушта шуд. Раиси полиси Киев Андрей Крешенко дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки Денис Вороненков дар маркази шаҳри Киев рӯзи 23 март аз тири туфанг ба ҳалокат расид. Раиси полис гуфт:

"Дар натиҷаи тирандозӣ Денис Вороненков кушта шуд, муҳофизи ӯ ва ҳам қотил маҷрӯҳ шуданд. Ҳардуи онҳо дар бемористон ҳастанд ва ба онҳо ёрии тиббӣ мерасонанд".

Вороненков 45 сол дошт, аз соли 2011 то 2016 дар Думаи давлатӣ муовини раиси ҷиноҳи коммунистҳо буд. Вороненков ва ҳамсараш Мария Максакова, ҳамчунин депутати собиқ, ҳамроҳ моҳи октябр дар Украина паноҳ бурданд. Он замон муфаттишон гуфтанд, ки Вороненков гӯё даст ба азхудкунии амвол задааст.

Дар як сӯҳбаташ бо шабакаи интернетии censor.net дар Украина моҳи феврал ӯ вазъи имрӯза дар Русияро бо Олмони нозӣ муқоиса кард ва гуфт, ки тамоми ҷараёнҳои кору зиндагиро дар ин кишвар ФСБ – Хадамоти Федеролии Амният назорат мекунад. Вай инчунин ишғоли нимҷазираи Қрим аз ҷониби Русия дар соли 2014-ро як иштибоҳ номида буд ва гуфт, ки бар зидди президенти собиқи Украина Виктор Янукович баёнот додааст.

Мақомот мегӯянд, ки баъди фирори Вороненков ба Украина ба ӯ шаҳрвандии ин кишвар тақдим шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG