Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони атрофи захирагоҳи силоҳи таркида кӯч дода шуданд. ВИДЕО


Хадамоти изтирорӣ тахминан 20 ҳазор нафарро аз шаҳраки Балаклеяи вилояти Харков берун оварданд. Ин тадбир баъди он гирифта шуд, ки шаби панҷшанбе дар амбори аслиҳаи маҳаллӣ сӯхторе рух дод. Дар фарози ин минтақа парвози ҳавопаймоҳо манъ ва ҳаракати қаторҳои роҳи оҳан ва ҳам интиқоли газ қатъ шудааст. Дар ин бора хабарнигори радиои Озодӣ аз маҳалли ҳодиса гузориш медиҳад. Рӯзи 23 март дар як ҷаласаи изтирории вазири дифои Украина Степан Полторак, яке аз сабабҳои сӯхтор “тахрибкорӣ, аз ҷумла аз роҳи партоби маводи мунфаҷира тавассути ҳавопаймои бесарнишин” унвон шудааст. Вазорати дифоъ қарор кард, ки таъмини амнияти дигар амборҳои аслиҳаро тақвият диҳад.

То ҳанӯз хомӯш кардани алангаи оташ имконнопазир аст. Сеяки пойгоҳи силоҳ сӯхтааст, пайваста садои таркиши маводи мунфаҷира ба гӯш мерасад ва осори ин таркишҳо дар масофаи яку ду километр паҳн мешаванд. Полторак гуфт, ки дар миёни низомиён ва ҳам сокинони мулкӣ ҳеҷ нафаре осеб надидааст.

Амбори силоҳи Балаклея азимтарин захирагоҳи силоҳ дар Украина аст. Ҳаҷми он 368 ҳектар буда, дар он 138 ҳазор тонна муҳимоти ҷангӣ, силоҳ, тир ва туфанг нигаҳдорӣ мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG