Пайвандҳои дастрасӣ

Киев намояндаи Русияро ба “Eurovision” роҳ намедиҳад


Юлия Самойлова

Хадамоти амнияти Украина гуфт, ки намояндаи Русияро барои ширкат дар озмуни мусиқии “Eurovision” ба Украина роҳ намедиҳад. Сухангӯи хадамоти амнияти Украина Олена Ҳитлянская дар Фейсбукаш рӯзи 22 март навишт, ки “Хадамоти амнияти Украина шаҳрванди Русия Юлия Самойловаро аз ҳақи ворид шудан ба қаламрави Украина ба мӯҳлати се соли оянда маҳрум кардааст”.

Вай гуфт, ки ин қарор баъди он содир шуд, ки Самойлова қонунҳои Украинаро нақз карда соли 2015, як сол баъди тасарруфи нимҷазираи Қрим аз ҷониби Русия ба ин қаламрав сафар кардааст. Қонунҳои Украина ба ҳукумат иҷоза медиҳад, ки афроди бидуни иҷозат ба Қрим сафаркардаро ба Киев роҳ надиҳанд. Дар феҳрасти афроди мамнӯъ-ул-вуруд ба Украина исми 140 овозхон ва ҳунарманди рус ворид шудааст. Украина баъди он ҳақи баргузории озмуни мусиқии “Eurovision”-ро ба даст овард, ки намояндааш дар озмуни порсола баранда шуд. Даври ниҳоии озмуни имсола 13 май дар Киев барпо мешавад.

Русия моҳи марти соли 2014 Қримро ба қаламрави худ ворид кард ва қабл аз он нирӯҳояшро барои ташкил ва назорати баргузории раъйпурсии ҷудоихоҳонаи нимҷазира ба ин қаламрав фиристод. Ин амали Русияро Ғарбу Аврупо маҳкум ва дар нисбаташ таҳрим ҷорӣ карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG