Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон як минтақаи стратегии Ҳилмандро ишғол карданд


акс аз рӯзи 9 марти соли 2017

Баъди аз минтақа рафтани нирӯҳои ҳукуматӣ, ҷангиёни Толибон дар Афғонистон улусволии Сангин – як минтақаи стратегии маркази вилояти Ҳилмандро ишғол карданд. Ҳайати кӯмак ба ҳалли низоъҳо гуфт, ки маркази ноҳияи Сангин ҳоло дар муҳосира аст ва нирӯҳои амрикоӣ ва ҳукуматӣ пеш аз тарки ин минтақа сохтмонҳо, таҷҳизот ва мошинҳои вайронро махсусан хароб карданд.

Нирӯҳои Афғонистон маркази ноҳияро давоми ду моҳ ҳимоят карда баъдан онро тарк карданд. Дар изҳороти Ҳайати кӯмак дар ҳалли низоъҳо, ки дар Фейсбук нашр шудааст, гуфта мешавад, ки барои Толибон танҳо харобот ва ифлосӣ мондааст. Як сухангӯи Толибон гуфт, ки гурӯҳи ҷангиён дафтари марказии полис ва пойгоҳи низомиро гирифта дастгоҳҳои нирӯҳои ҳукуматии фироркарда ҷойгузоштаро азхуд кардаанд. Як сухангӯи волии Ҳилманд гуфт, ки берун рафтани нирӯҳои ҳукуматии афғон аз як ноҳияи марказӣ “тактикӣ” буд

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG